Дар чанд ҷумла
Савдогарони қади роҳро низ ба "бозори бародари президент" бурдаанд

Даҳҳо савдогари канори роҳ ва кӯчаҳои марказии ноҳияи Данғараро, ки тиҷорати хурд доштанд, маҷбурӣ ба бозори "Каёнуш" бурдаанд. Пештар мақомоти Данғара тоҷирони мева ва гӯштро аз бозори марказӣ ба онҷо кӯчонда буданд.
Ин бозор аз маркази ноҳия се километр дур аст ва савдогарон нигаронанд, ки муштариёни худро аз даст медиҳанд. Қаблан мақомоти ноҳия гуфта буданд, ки барои беҳтар кардани шароити тоҷирон ва харидорон онҳоро ба ин бозор мефиристанд.
Баъзе аз соҳибкорон ва мансабдорони ноҳияи Данғара бозори “Каёнуш”-ро ба хонаводаи Нуриддин Раҳмон, бародари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, марбут медонанд. Фармони кӯчондани соҳибкорон ба бозори “Каёнуш”-ро Исломиддин Раҳмон, раиси 38-солаи ноҳияи Данғара ва писари Нуриддин Раҳмон содир кардааст.
Ноҳияи Данғара дар маконе ҷойгир шудааст, ки мусофирон аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ҳудуди он гузашта, ба шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар мерасанд.
Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, рӯзе аз 4 то 5 ҳазор нафар аз ҳудуди ин ноҳия мегузарад ва муштариёни аслии фурӯшандаҳо онҳо ҳастанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Сафари давлатии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 8 июл бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон як рӯз пеш дар бораи ин сафар хабар дода, аммо ҷузъиёти онро нагуфтанд.
Танҳо ин маълум аст, ки Содир Ҷабборов дар сафари дурӯзааш ба Душанбе, бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарони ҳарду палатаи порлумон мулоқот мекунад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе хабар дод, ки 8-уми июл ҳаракат дар роҳҳои асосии пойтахт маҳдуд мешавад.
Хабаргузории давлатии "Ховар" навишт, ки рӯзҳои 7-8 июл дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.
Ду тараф, ки солҳо боз ҳамкориҳои иқтисодии дурусте надоштанд, имконоти тиҷорату додугирифт байни ҳамдигарро баррасӣ мекунанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
Ду кишвар дар зарфи чор соли гузашта ду бор бо ҳам сахт ҷангиданд ва моҳи марти имсол созишномаи марзиро имзо карданд.
Баъди ин гузаргоҳҳои бастаи марзӣ барои мардуми ду тараф, ки солҳо байни ҳам тиҷорату муомила доштанд, боз шуд.
Амрико "Ҳайати Таҳрири Шом"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кард

Ҳукумати Амрико гурӯҳи "Ҳайати Таҳрири Шом"-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кард.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", ин тасмим ҳудуди ду ҳафта пеш гирифта шуда шуда буд, аммо қарор аст, имрӯз, сешанбеи 8 июл ба ҳолати иҷро дарояд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар баёнияи расмӣ гуфтааст, ки ин тасмим бо машварати Додситони кулл ва вазири молияи Амрико гирифта шуд.
Гурӯҳи "Ҷабҳа Ан-Нусра" пас аз ҷудоӣ аз "Ал-Қоида", ба "Ҳайати Таҳрири Шом" тағйири ном кард.
Бисёре аз мақомҳои сиёсӣ ва амниятии ҳукумати нав дар Сурия аз аъзои фаъоли ин гурӯҳ ба шумор мераванд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар миёнаҳои моҳи майи имсол бо Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумуҳри нави Сурия дар Риёз дидор кард ва таҳримҳои ИМА алайҳи ин кишварро сабук намуд.
Давоми ҷанги 14-солаи дохилии Сурия, ки дар соли 2011 оғоз шуд, садҳо ҳазор нафар кушта шуда, миллионҳо нафар овора гаштанд. Кишварҳои ғарбӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад таҳримҳо ҷорӣ карданд, аммо ӯ бо кӯмаки Эрон ва Русия дар қудрат монд.
Ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 аз сӯи "Ҳайати Таҳрири Шом" бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, сарнагун шуд.
Вазири нақлиёти Русия баъди барканорӣ худкушӣ кардааст

Роман Старовойт, вазири нақлиёти Русия, ки рӯзи 7-уми июл аз мақомаш барканор шуда буд, худкушӣ кардааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" ва ченд телеграм-канали русӣ хабар додаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия марги мансабдори собиқро тасдиқ кард, аммо дар бораи худкушӣ будани ҳодиса расман чизе нагуфт. Дар хабарномаи расмӣ танҳо омадааст, ки ҷасади Роман Старовойт дар мошинаш пайдо шуд.
Чанд расонаи русӣ бо такя ба манобеашон навиштанд, вазири собиқ худкушӣ кардааст. Телеграм-канали Mash навиштааст, як сабаби даст ба худкушӣ задани вазири собиқ, оғози парвандаи ҷиноӣ аст.
Ин телеграм-канал бо такя ба манобеаш навиштааст, Роман Старовойт ба он муттаҳам мешуд, ки ҳангоми кораш дар мақомии волии Курск, даст ба қаллобӣ задааст.
Старовойт то таъин шуданаш ба мақоми вазири нақлиёти Русия дар соли 2024, волии Курск буд.
Нашрияи "Коммерсант" навиштааст, вазири собиқро бегоҳи 7-уми июл дастгир мекарданд.
Додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон ба бештар аз 6 миллион доллар расидааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳаҷми тиҷорату савдои мутақобила бо Қирғизистон дар панҷ моҳи соли равон танҳо 6.1 миллион долларо ташкил додааст. Агарчӣ тиҷорати дуҷониба дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 тақрибан 30 дар сад афзудааст, аммо иқтисоддонҳо гардиши мол байни ду кишвари ҳамсояро бисёр ночиз мешуморанд.
То соли 2020 ҳаҷми додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон солона на камтар аз 40 то 60 миллион доллар буд. Коҳиши якбораи тиҷорат байни ду кишвар баъди муноқишаҳои солҳои 2021-2022 дар марз сурат гирифт, ки садҳо нафарро аз ду тараф куштаву захмӣ барҷой гузошт. Муноқиша сари марзи таъйину аломатгузориношуда сурат гирифт ва сипас бо бастани тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба рӯи ҳамдигар ва ҳамингуна бастани қаламрави ҳавоии кишварҳо ба рӯи ҳавопаймоҳои якдигар анҷомид.
Баъди ин муноқишаҳо ҳукуматҳои ду кишвар, ки даҳсолаҳо сари таъйину аломатгузории сарҳади бештар аз 600 километрӣ баҳсу даъво доштанд, дар муддати камтар аз 3 сол хати марзро кашиданд ва моҳи марти соли 2025 созишномаи марзиро имзо карданд. Гузаргоҳҳои марзӣ агарчӣ боз шуд, аммо тиҷорат байни мардумони ду тараф мисли солҳои пешин нест.
Омор дар бораи додугирифти иқтисодиро вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар остонаи сафари давлатии раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов ба Душанбе нашр кард. Сафар рӯзҳои 8 ва 9 июл сурат мегирад ва қарор аст дар ҷараёни он чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти имсол ба Бишкек сафар кард ва дар он моҳ байни ду кишвар 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон даргузашт

Тамара Абдушукурова, яке аз ҳунарпешагони шинохта ва вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон даргузашт. Шогирдону наздикони ӯ дар Фейсбук рӯзи 7 июл хабар додаанд, ки профессори Донишгоҳи санъати Тоҷикистон бинобар беморӣ дар синни 85- солагӣ дунёро падруд гуфтанд. Бемории ӯро ошкор накардаанд.
Тамара Абдушукурова солҳои дароз дар театри маъруфи ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон кор кардааст. Аз соли 1990 то соли 1992 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Ӯ дар замони шӯравӣ унвони баланди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро ба даст овардааст ва солҳои ахир дар Донишгоҳи санъат ба шогирдон дарс мегуфт.
Дар саҳнаи театр дар намоишномаҳое ба мисли “Шоҳ Гавазн” (Смералдино), “Ҷавоне аз шаҳри мо” (Варя), “Деҳотӣ” (Бунафша), “Дуэл” (Нозӣ), “Иродаи зан” (Мавҷуда) дар ёд мондааст.
Теъдоди қурбониёни сел дар Техас ба 80 нафар расидааст.

Теъдоди қурбониёни селу обхезӣ дар аёлати Техаси Амрико ба 82 нафар расидааст ва дар миёни онҳо 28 нафар кӯдакону наврасонанд.
Теъдоде аз ин наврасон дар як урдӯгоҳи масеҳиён будаанд, ки дар соҳили рӯдхонаи Гуадалупа қарор дорад. Камаш 10 духтар ва раҳбари гуруҳи онҳо аз ҷумлаи онҳоеанд, ки бенишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Шаби 4-уми июл борони зиёд сабаби селу обхезӣ дар рӯдхонаи Гуадалупа шуд ва бино ба гузоришҳо сатҳи оби он дар 45 дақиқа то 8 метр боло рафтааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳукумати марказӣ кӯмак ба аёлати Техасро идома хоҳад дод ва мумкин аст, худи ӯ рӯзи панҷшанбе ба ин аёлати осебдида сафар кунад.
Раҳбари Қирғизистон ба Душанбе меояд

Қарор аст, фардо 8-уми июл Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон сафар кунад. Дар ин бора имрӯз дар канали расмии Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ хабар додааст.
Ҷузъиёти сафарро нагуфтаанд, вале хабаргузории “Ховар” рӯзе пештар навишт, ки рӯзҳои 7-8 июл дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Ду тараф, ки солҳо боз ҳамкориҳои иқтисодии дурусте надоштанд, имконоти тиҷорату додугирифт байни ҳамдигарро баррасӣ мекунанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки даҳсолаҳо наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд ва дар зарфи чаҳор соли гузашта ду бор бо ҳам сахт ҷангиданд, моҳи марти имсол созишномаи марзиро имзо карданд. Баъди ин гузаргоҳҳои бастаи марзӣ барои мардуми ду тараф, ки солҳо байни ҳам тиҷорату муомила доштанд, боз шуд.
Дар Русия 26000 патенти муҳоҷиронро беэътибор кардаанд

Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки аз аввали имсол то кунун бештар аз 26 ҳазор патент ва иҷозаномаи кории хориҷиён ва ё ҳамон муҳоҷирони кориро барои огаҳ накардан аз ҷойи корашон беэътибор кардааст.
Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 3-уми июл аз қавли ин вазорат хабар додааст, ки теъдоди патентҳои беэътиборшуда дар соли равон дар муқоиса ба соли гузашта ҳафт баробар зиёдтар аст. Бар асоси муқаррарот дар Русия муҳоҷироне, ки бар асоси патент кор мекунанд, бояд дар муддати ду моҳ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар маҳалли худ хабар бидиҳанд, ки дар куҷо кор мекунанд.
Дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик бар асоси патент кор мекунанд ва зоҳиран теъдоди санадҳои беэътиборшудаи онҳо низ кам нест. Дар ин кишвар дар як соли ахир даҳҳо қонуну санадҳои нав барои маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирон қабул карданд, чун ба қавли теъдоде аз сиёсатмадорони рус муҳоҷирон дигар барои ин кишвар “як дарди сар шудаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, пайваста матраҳ кардани мушкилоти муҳоҷирон дар матбуот ва доираҳои давлатӣ дар Русия як талош барои ба самти дигар кашидани афкори умуми ҷомеа аз мушкилоти фаровони дохилӣ ва ҷанги вайронгари Русия дар Украина аст.
Даҳҳо парвоз аз се фурудгоҳи Русия ба таъхир афтодааст

Вазорати нақлиёти Русия хабар додааст, ки шоми 6-уми июл қариб 400 парвоз аз фурудгоҳҳои "Шереметово"-и Маскав, "Пулково"-и Санкт-Петербург ва "Чкалов"-и Нижегород бекор ё ба таъхир афтоданд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби пеш омадани ин вазъ ҳамлаи паҳподҳо аз Украина аст. Вазорати нақлиёти Русия иддао кардааст, ки вазъият зери назорат буда, ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавони расидагӣ ба мушкилро доранд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, шаҳрвандон маҷбур шудаанд барои сафар аз Санкт-Петербург ба Маскав аз қатора истифода баранд. Билети қатора дар ин масир камёфт шудааст.
Коршиносон дар суҳбат бо нашрияи "Коммерсант" гуфтаанд, чунин ҳолат, яъне бекор ё ба таъхир афтодани парвозҳо метавонад барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ қариб 20 миллиард рубл зарар расонад.
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки рӯзи якшанбе 48 паҳпод ё дрони Украиниро нобуд кардаанд.
Дар ҳамин ҳол таблои Фурудгоҳи Душанбе ҳам субҳи 7-уми июл нишон медиҳад, ки дастикам се парвоз аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба пойтахти Тоҷикистон ба таъхир афтодаанд.
Илон Маск аз таъсиси ҳизби нав дар Амрико хабар дод

Илон Маск, миллиардер ва муттаҳиди пешини президент Доналд Трамп, аз таъсиси ҳизби нав дар Амрико хабар дод.
Маск шоми 5-уми июл дар шабакаи X (Твиттер) навишт, "имрӯз Ҳизби Амрико ташкил шуд, то озодии шуморо ба шумо бозгардонем."
Аммо миллиардер дар бораи ташкили ҳизби нав ва сабти расмии он чизе нагуфтааст.
Маск, сарватмандтарин шахси ҷаҳон 4-уми июл дар Рӯзи истиқлолияти Амрико дар шабакаи X навишт, "рӯзи истиқлол замони муносиб аст то пурсида шавад, оё хоҳони истиқлол аз низоми дуҳизбӣ (ба гуфтаи бархеҳо яккаҳизбӣ) ҳастед ё не?"
Ба гуфтаи Илон Маск, дар ин назарсанҷӣ 1,2 миллион кас ширкат карда, бештари онҳо ба таъсиси ҳизби нав дар Амрико посухи мусбат додаанд.
Илон Маск хабари таъсиси ҳизби худро як рӯз пас аз он эълом кард, ки Доналд Трамп қонун дар бораи коҳиши молиёт ва хароҷотҳои давлатии Амрикоро имзо кард. Илон Маск яке аз мунтақидони сарсахти ин қонун буд ва онро “харобкорона” номид. Доналд Трамп рӯзи 1-уми июл пешниҳод кард, ки идораи муассирияти кори ҳукумат (Department of Government Efficiency - DOGE) имтиёзҳои барои ширкатҳои Илон Маск додашударо бозбинӣ кунад.
Илон Маск рӯзи 30 май маъмурияти Трампро тарк кард. Он ҷо ӯ давоми 130 рӯз раҳбарии идораи муассирияти кори ҳукумат (DOGE)-ро раҳбарӣ мекард. Ин идораро бо мақсади кам кардани хароҷоти ҳукумат таъсис дода буданд. Вале баъди рафтан аз кори давлатӣ, миёни Илон Маск ва Доналд Трамп баҳсҳои лафзӣ сар зад.
Алии Хоманаӣ баъди се ҳафта аз паноҳгоҳ берун шуд

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, ки аз замони ҳамлаи Исроил ба Эрон дар маҳзари ом дида намешуд, дар як маросими азодорӣ ширкат кардааст.
Расонаҳои давлатии Эрон шоми 5-уми июл наворе пахш карданд, ки дар он дида мешавад, ки Алии Хоманаӣ дар як маросими азодории Ошуро ҳузур дорад.
Рӯзи 13-уми июн Исроил ба Эрон ҳамла кард ва аз он вақт Алии Хоманаӣ дар маҳзари ом дида намешуд. Ӯ давоми се ҳафтаи ахир танҳо се паёми видеоӣ нашр кард.
Пеш аз ин Доналд Трамп, президенти Амрико дастикам ду бор гуфта буд, ки монеи кушта шудани Алии Хоманаӣ шудааст. Трамп дар ҷараёни ҳамлаи Исроил ба Эрон гуфта буд, аз ҷойи роҳбари Ҷумҳурии исломӣ огоҳ аст, аммо қасди куштани ӯро надорад.
Трамп: Украина барои ҳимояи худ ба низоми Patriot эҳтиёҷ дорад

Президент Доналд Трамп баъди суҳбат бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфт, Украина барои ҳимояи худ ба низоми дифои ҳавоии Patriot эҳтиёҷ дорад.
Трамп 5-уми июл ба хабарнигорон гуфт, "бо Зеленский гуфтугӯи хуб доштем."
Хабарнигорон аз Доналд Трамп пурсиданд, ки оё Амрико барои Украина боз низоми дифои ҳавоии Patriot медиҳад? Раиси ҷумҳури Амрико дар посух ба ин суол танҳо гуфт, "онҳо барои мудофиа худ ба ин чиз эҳтиёҷ доранд... Онҳо зери ҳамлаҳои шадид қарор доранд ва ба чизе ниёз доранд, ки худро ҳимоя кунанд."
Ахиран Вазорати дифои Амрико интиқоли чанд намуд таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла мушак барои системаи Patriot-ро ба Украина қатъ кард. Ин кор нигаронии Киевро ба миён овард. Олмон барои хариди низоми дифои ҳавоии Patriot барои Украина, бо Вашингтон музокира дорад. Тасмими ниҳоӣ дар ин бора гирифта нашудааст.
Сафари сайёҳони рус ба Тоҷикистон зиёд шудааст

Тобистони имсол Тоҷикистон дар миёни панҷгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки шаҳрвандони Русия барои тамошо ва истироҳат интихоб кардаанд.
Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 4- уми июл бо такя ба таҳқиқот дар бораи саёҳати шаҳрвандони Русия дар моҳҳои июл ва августи имсол навишт, ки шаҳрвандони Русия барои тамошову саёҳат аз ҳама зиёдтар ба Ҷопону Қибрис ва Вйетнам мерафтаанд ва баъдан ба Тоҷикистону Арманистон.
Сабаби интихоби ин кишварҳо ба навиштаи хабаргузорӣ наздикии кишвар, парвозҳои мустақим ва низоми бераводид байни Тоҷикистону Русия аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо соли гузашта 335 ҳазор шаҳрванди Русия барои сайру саёҳат ба Тоҷикистон омадааст.
Шаҳрвандони Русия, ки асосан ба Туркия ва кишварҳои аврупоӣ барои саёҳату истироҳат мерафтанд, баъди оғози ҷанги Русия дар Украина аз ин имконот маҳрум шуданд, чун парвозҳои мустақим байни бисёре аз кишварҳои Аврупо бо Русия қатъ шуд ва ба шаҳрвандони Русия ҳам ба мушкилӣ раводид медиҳанд.
"Ҳамос" мегӯяд, ки ба тарҳи ИМА барои оташбаси Ғазза "посухи мусбат" додааст

Гуруҳи фаластинии "Ҳамос" эълон кард, ки ба тарҳи оташбаси Ғазза бо миёнаравии Амрико "бо руҳияи мусбат" посух додааст ва омодааст, то фавран музокирот дар мавриди иҷрои ин созишро оғоз кунад.
"Ҳамос" дар баёнияе, ки шоми 4 июл нашр шуд, дар бораи қабул ё ради тарҳи пешниҳодии Амрико ба таври возеҳ сухан нагуфтааст. "Ҳамос"-ро Амрико ва Аврупо созмони террористӣ қаламдод мекунанд.
Дар баёнияи "Ҳамос" омадааст, ки "пас аз баррасиҳои дохилӣ ва ҳамчунин бо дигар гурӯҳҳои фаластинӣ", посухи дорои "руҳияи мусбат" ба миёнаравҳо додааст.
"Ҳамос" айни замон таъкид кардааст, ки омода аст, то фавран вориди даври нав аз музокирот дар бораи шеваи амалӣ шудани ин тарҳ шавад.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз расонаҳои исроилӣ гузориш додааст, ки мақомоти Исроил посухи "Ҳамос"-ро дарёфт кардаанд ва дар ҳоли баррасии ҷузъиёти он ҳастанд.
Президенти Амрико Доналд Трамп бо пешниҳоди оташбаси 60-рӯза, шомгоҳи панҷшанбе гуфт, интизор дорад, ки Исроил ва "Ҳамос" давоми 24 соати оянда посухи худро ироа кунанд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки қарор аст рӯзи 7 июл дар Кохи Сафед бо Трамп дар Кохи Сафед дидор кунад, ҳанӯз дар мавриди изҳороти президенти Амрико изҳори назар накардааст. Ӯ чанд рӯз пеш гуфт, ки "мо мехоҳем гаравгонҳоро озод кунем".
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо ба нақл аз манбаъҳои худ гузориш додаанд, ки "Ҳамос" хоҳони "тағйироти ҷузъӣ" дар тарҳи пешниҳодии оташбас аст. Як мақоми фаластинӣ ба "Рейтерз" гуфтааст, ки "нигарониҳое дар бораи кӯмакҳо, гузаргоҳи Рафаҳ ва шаффофият дар мавриди замони хуруҷуи нерӯҳои исроилӣ, вуҷуд дорад".
Гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ", муттаҳиди "Ҳамос" низ гуфтааст, ки аз музокироти оташбас ҳимоят мекунад, аммо хостори "замонатҳо"-е аст, ки Исроил пас аз озодии гаравгонҳо, ҳамла ба Ғаззаро дигарбора оғоз накунад.
Ҷузъиёти тарҳи мавриди ҳимояти Амрико ба таври расмӣ эълон нашудааст, аммо расонаҳо ба нақл аз манбаъҳои худ, ба баъзе аз нуқтаҳои он ишора кардаанд.
Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз як манбаи фаластинии ошно бо музокирот гузориш дод, ки ин тарҳ шомили "оташбаси 60-рӯза аст, ки тайи он "Ҳамос" ниме аз асирони зиндаи исроилӣ дар Ғаззаро (ҳудуди 10 нафар) дар ивази раҳоии шуморе аз зиндониён ва боздоштшудаҳои фаластинӣ", озод хоҳад кард.
Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз як мақоми огоҳ гузориш дод, ки ин тарҳ шомили озодии 10 гаравгони зинда ба ҳамроҳи ҷасадҳои 18 гаравгони дигар тайи оташбаси 60-рӯза аст.
Дар ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023, 1200 нафар исроилӣ кушта ва 251 тан ба гарав гирифта шуданд.
Аз замони оғози ҷанг ва дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза, беш аз 56 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Мақомоти тандурустӣ дар Ғазза мегӯянд, ки беш аз 100 ҳазор нафар ҳам захмӣ ва ҳазорон тани дигар дар зери вайронаҳо нопадид ҳастанд.
Фавти як кӯдак дар Қубодиён, ки модараш бо корд ӯро захмӣ карда буд

Як кӯдаки шашмоҳа, ки аз сӯи модараш бо зарби корд захмӣ шуда буд, дар бемористони ноҳияи Шаҳритус фавтидааст.
Як масъул дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфт, ки субҳи 5 июл Хадича Ҳомидова ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, Хадиҷа Ҳомидова аз ноҳияи шикам, болои китф ва дасташ, се корд хӯрда буд.
Табибон қаблан гуфта буданд, ки Хадиҷа Ҳомидова дар бахши эҳёгарии беморхонаи ноҳияи Шаҳритус қарор дорад.
Ҳодисаи ба корд захмӣ кардани кӯдакон дар ҷамоати деҳоти Вокпанти ноҳияи Қубодиён рӯзи 21-уми июн рух дод ва мақомот модари онҳо Юлдуз Бозороваи 24-соларо боздошт кардаанд.
Сабаби ба корд захмӣ кардани кӯдакон маълум нест. Гуфта мешавад, ки кӯдакон Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадиҷаи 6-моҳа аз оилаи Ҳомидовҳо, сокинони деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён будаанд.
Феълан назари хонаводаи кӯдакон ва зани боздоштшуда маълум нест, вале як сокини деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Юлдуз Бозорова як кӯдакро дар гаҳвора ва ду нафари дигарро дар рахти хоб захмӣ кард. Модари кӯдакон рӯзи ҳодиса аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз деҳаи Қизилнишон гуфт, ки оилаи онҳо баҳс ё мушкили хонаводагӣ надошт ва падари кӯдакон хонаҳои мардумро таъмир мекард ва зиндагии осуда дошт.
Хабарҳои ғайрирасмӣ ин аст, ки ҳолати равонии ин зан хуб набудааст.
Феълан назари Умедҷон Ҳомидов, падари кӯдакон ва наздикони Юлдуз Бозорова, ки дар боздоштгоҳ аст, маълум нест.